Ссылки доступа

Нигаронии волидони қазоқ аз намоиши видеоҳои порнографӣ дар дарсҳои онлайнӣ (видео)


Низоми омӯзиши фосилавӣ дар Қазоқистон дар вартаи баҳамзанӣ аст. Ба онлайн-платформаҳое, ки тавассути онҳо дарсҳои онлайнӣ сурат мегиранд, афроди ношинос ҳамла карда, дар рафти дарс видеоҳои порнографӣ пахш мекунанд.

Почему в Казахстане на онлайн-уроках показывают порнографию
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:55 0:00

Хонандагони синфи 5-и яке аз мактабҳои шаҳри Алмато дарси забони русро ба зудӣ фаромӯш нахоҳанд кард. Дар рафти дарс дар экран ба ҷои қоидаҳои имло саҳнаҳо аз филми "барои калонсолон" зоҳир шуд.

"Дарси забони русӣ буд. Касе боз пайваст шуд. Кӯдаки ман пурсид, ки барои чӣ ин амак бо хола ин корро мекунад?", - мегӯяд сокини Алмато бо номи Наталя.

Волидони қазоқ шикоят доранд, ки пайдо шудани видеоҳои порнографӣ дар ҷараёни дарсҳои онлайнӣ ба як падидаи маъмулӣ табдил шудааст. Ҳамчунин дарсҳо бо мусиқӣ, акс ё суҳбатҳои беҷо халалдор мешаванд.

Вазорати маорифи Қазоқистон ба омӯзгорон пешниҳод дорад, ки ҳангоми дарсгузарӣ аз платформаҳои онлайнии ватанӣ истифода баранд, вале омӯзгорон ба иллати норасоии дониши рақамӣ тавони истифодаи онҳоро надоранд.

Мақомоти қазоқ мегӯянд, ба онҳое, ки дар рафти дарсҳо филмҳои порнографӣ пахш мекунанд, ҷазо дар асоси банди "ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи порнографӣ" таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG