Ссылки доступа

Дар Намангони Узбекистон нисбати зане парванда боз карданд, ки ду мардро латту кӯб кард


Дар вилояти Намангони Узбекистон нисбати зани 23-солае парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки ду марди яке 30 ва дигаре 33-соларо латту кӯб кард. Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар доданд.

"Шаҳрванд Г.А. рӯзи 25 июн бо вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бидуни сабаб, марди 33-сола У.А.-ро латту кӯб кард. Шаҳрванд Г.А. баъдан марди 30-сола А.Н.-ро, ки мехост, ҷанҷолро ором кунад, латту кӯб кард", - хабар додааст ВКД Узбекистон.

Мақомоти Узбекистон аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG