Ссылки доступа

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз КБО хостанд, бозиҳои зимистона дар Пекин баргузор нашаванд


Президент МОК Томас Бах объявляет место проведения игр 2022 года

Беш аз 160 созмони ҳомии ҳуқуқ аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) даъват карданд, ки баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпиро дар шаҳри Пекин дар соли 2022 манъ карда, ҳаққи мизбонии он ба ҷои Чин ба кишвари дигар дода шавад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баргузории бозиҳо дар Пекин дар пасманзари бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Чин ба обурӯи ҳаракати олимпӣ латма мезанад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баргузории комёби бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин дар соли 2008 ба мақомоти Чин дар сиёсати пешгирифтаашон эътимод бахшида, иҷозат дод, ки таъқиби уйғурҳо ва ақалиятҳои дигари қавмиро пурзӯр кунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пештар низ баргузор шудани бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2022-ро дар кишвари дигар талаб карда буданд. Вале ба иттилои CNBC, ин бор даъвати мазкур дастаҷамъонатар сурат гирифт.

Дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқро то ҳол шарҳ надоданд. Қаблан масъулони кумита дар посух ба суоли хабаргузории Associated Press дар мавриди поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин гуфтанд, мизбони бозиҳо интихоб шудани кишваре маънои онро надорад, ки КБО аз сиёсатҳои он ҷонибдорӣ мекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Чжао Литсзян дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд, варзишро сиёсӣ кунанд.

Чин вақтҳои ахир ба хотири нақзи густардаи ҳуқуқи уйғуру тибетҳо, бекор кардани худмухтории Ҳонгконг ва поймолкунии ҳуқуқҳои дигари инсон мавриди интиқоди шадид қарор дорад. Вале худи мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG