Ссылки доступа

КМИР Қирғизистон баҳси додгоҳиро бо ҳизби мухолиф бохт (видео)


Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) ин бор низ баҳси додгоҳиро ба нафъи Ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" бохт. Ҳизб дубора ҳаққи иштирок дар интихоботи порлумонии ин кишварро дарёфт кард.

Додгоҳи шаҳри Бишкек 9 сентябр шикояти "Бутун Қирғизистон"-ро зидди КМИР баррасӣ карда, онро қонеъ кард. Ба гуфтаи додрас, қарори маҳрумшавии ҳизб аз иштирок дар интихобот ғайриқонунӣ буд.

ЦИК Кыргызстана проиграл суд оппозиционной партии – ее все-таки допустили к парламентским выборам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:56 0:00

Ин бори дувум аст, ки "Бутун Қирғизистон" КМИР-ро ба додгоҳ кашида, дар баҳсҳо пирӯз мешавад. КМИР бори аввал ҳизбро дар нақзи қоидаҳои баргузории анҷуман айбдор ва аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум кард. Бори дувум масъулони комиссия гуфтанд, ки ҳизб тартиби пешниҳоди рӯйхати номзадҳоро риоя накардааст.

КМИР Қирғизистон ҳақ дорад, ки давоми се рӯз аз болои қарори додгоҳ шикоят барад.

"Бутун Қирғизистон" яке аз аҳзоби мухолифи ин кишвар шумурда мешавад. Ба узвияти он мансабдорон ва қудратиҳои пешин шомиланд. Онҳо мегӯянд, мақомот аз рақибони тавонманд дар интихобот ҳарос доранд ва бинобар ин, онҳоро ба интихобот роҳ доданӣ нестанд.

Интихоботи порлумонии навбатии Қирғизистон 4 октябри соли равон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG