Ссылки доступа

Як зан дар Хатлон 4 фарзанди ноболиғашро куштааст


Прокуратура Хатлонской области
Прокуратура Хатлонской области

Як сокини ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлонро бо гумони қатли чаҳор фарзандаш дастгир кардаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми сентябр рух додааст.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи хабар гуфтанд, зан 30-сола аст ва феълан дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.

Як манбаъ дар мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон аз зан Назокатхон Тоирова ном бурд, ки ду рӯз пеш аз ҳодиса дар хонаи бародараш будааст. Ба гуфтаи манбаъ, шавҳари зан дар сохтмон кор мекунад ва замони ҳодиса дар хона набудааст.

"Ин зан пас аз куштани чаҳор фарзанди 10, 8, 4 ва яксолааш ҳодисаро худ ба пулис хабар додааст. Ӯ гуфтааст, кӯдаконашро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сабабҳои даст ба ин кор задани модари кӯдакон то ба ҳол маълум нест. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, додситонӣ ба тафтиши ҳодиса оғоз кардааст ва ҷузъиёт дертар ошкор мешавад.

Аз ин пеш, моҳи августи имсол, як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдаки 3, 6 ва 9-сола буданд.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Аз ҷумла, соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.

XS
SM
MD
LG