Ссылки доступа

КМИР номзадҳои "Бутун Қирғизистон"-и мухолифро сабти ном кард


Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) номзадҳои Ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро ба мақоми вакилии порлумони ин кишвар дар интихоботи моҳи октябри соли равон ба қайд гирифт.

Дар КМИР гуфтанд, номзадҳоро дар асоси қарори додгоҳи шаҳри Бишкек сабти ном карданд. Додгоҳи Бишкек 9 сентябр дар пайи шикояти "Бутун Қирғизистон" қарори пешини КМИР-ро барои маҳрумсозии номзадҳои ҳизби мухолиф аз иштирок дар интихобот ғайриқонунӣ номид.

Ин бори дувум буд, ки "Бутун Қирғизистон" КМИР-ро дар робита ба масоили интихоботӣ ба додгоҳ кашида, дар баҳсҳо пирӯз мешавад.

КМИР Қирғизистон бори аввал "Бутун Қирғизистон"-ро дар нақзи қоидаҳои баргузории анҷуман айбдор ва аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум кард. Бори дувум масъулони комиссия гуфтанд, ки ҳизб тартиби пешниҳоди рӯйхати номзадҳоро риоя накардааст. Вале додгоҳ дар ҳар ду ҳолат қарор кард, ки ҳизб қонуншикание накардааст.

Интихоботи порлумонии навбатии Қирғизистон 4 октябри соли равон баргузор мешавад. Дар он 16 ҳизби сиёсӣ бо беш аз 1200 номзадашон барои курсиҳои порлумони ин кишвар мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG