Ссылки доступа

"Туҳфаҳои президент"-и Узбекистонро ба хонандагони синфи 1 марҳила ба марҳила тақсим мекунанд


Дар Узбекистон тақсими "туҳфаҳои президентӣ"-ро барои хонандагони синфи 1 аз 14 сентябр шуруъ мекунанд. Ин туҳфаҳо марҳила ба марҳила ба хонандагон расонида мешаванд.

"Бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷамъшавии хонандагону волидонашон, роҳбарияти мактабҳо дастур гирифтанд, ки "туҳфаҳои президентӣ"-ро дар чанд давра тақсим кунанд", - хабар додааст вазорати маорифи оммавии Узбекистон.

Дар маҷмуъ наздики 650 ҳазор хонанда "туҳфаҳои президентӣ"-ро дарёфт хоҳад кард.

"Туҳфаи президентӣ" барои хонандагони синфи 1 аз 12 навъи маводи мактабӣ, аз ҷумла: ҷузъдон, дафтар, коғазу қалам, қоғазҳои ранга, худкор ва ғайра иборат аст.

XS
SM
MD
LG