Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод кард, таҳсили фосилавӣ идома дода шавад


Вазорати тандурустии Қазоқистон аз тамдиди шакли фосилавии таҳсили хонандагон ҷонибдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафтаи аввали таҳсили фосилавии соли нави хониш миёни сокинон норозигии зиёдеро ба бор овард.

Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон рӯзи 9 сентябр дар шарҳи пешниҳоди вазораташ гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус аз тамдиди таҳсили фосилавӣ дар чаҳоряки аввали соли хониш ҷонибдорӣ шудааст.

"Мо таҷрибаи манфӣ дорем. Вақте ки дар бархе аз муассисаҳои томактабӣ ба бархе аз гуруҳҳо иҷозаи таҳсил дода шуд, ба маҳзи пайдо шудани аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус онҳоро дубора бастанд", - гуфт вазири тандурустии Қазоқистон.

Вай афзуд, ҳукумати Қазоқистон талош дорад, ки раванди гирифторӣ ба вабои коронавирусро коҳиш диҳад. "Ба ҳамин хотир пешниҳод мекунем, ки чаҳоряки аввал ба таври фосилавӣ гузаронида шавад", - гуфт вазир.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз волидон аз дастрасӣ надоштан ба интернет ва сифати пасти интернет шикоят доранд.

Хонандагон ва донишҷӯёни Қазоқистон чаҳоряки охири соли гузаштаи таҳсил - аз 16 март то 11 майро ба далели паҳншавии вабои коронавирус ба таври фосилавӣ таҳсил карданд.

Дар ин муддат хонандагону донишҷӯён ба мушкилиҳои зиёде дар дастрасӣ ба интернет рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG