Ссылки доступа

Тоҷикистон ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳро маҳкум кард


Ҳукумати Тоҷикистон ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистонро шадидан маҳкум кард. Дар эъломияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10-уми сентябр нашр кард, ҳамла ба Солеҳ "амали нангини террористӣ" номида шудааст.

Ҳодиса рӯзи 9-уми сентябр дар Кобул иттифоқ уфтод ва бар асари он шуморе аз мардум ҷон бохтаву захмӣ шуданд. "Мо ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу мекунем", -- гуфта шудааст дар эъломияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар идома гуфта шудааст, "Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарор шудани сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст."

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 9-уми сентябр аз як ҳамла дар Кобул ҷон ба саломат бурд.

Соли гузашта низ як ҳамоиши "Раванди сабз", ки раҳбарии онро Амруллоҳ Солеҳ ба уҳда дорад, ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд. Дар он ҳамла ҳадди ақал 20 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд ва Амруллоҳ Солеҳ захмҳои сабук бардошта буд.

Солеҳ дар даврони пас аз Толибон барои 7 сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Ӯ аз сиёсатмадорони вобаста ба ҷабҳаи муқовимат (гурӯҳҳои зидди Толибон бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд) мебошад. Амруллоҳ Солеҳ бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар маъруф аст.

Аз ҷумла ӯ чанд рӯз пеш дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо телевизиони "Тулӯъ" гуфта буд, хатти Дюрандро, ки Афғонистону Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ба расмият намешиносад. Кобул даъво дорад, ки қисматҳое аз шимоли Покистон ба Афғонистон тааллуқ дорад. Покистон ин иддаоҳоро рад мекунад.

Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард ва ба мақоми муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 ӯ аз ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

XS
SM
MD
LG