Ссылки доступа

Дар Қазоқистон конҳои уранро ғорат карданд (видео)


Дар вилояти Қазоқистони Шимолии Қазоқистон ба далели набудани муҳофизон конҳои уран ғорат шудаанд. Дар ин бора мақомоти экологии он кишвар хабар медиҳанд.

"Дар конҳои уране, ки айни ҳол коркард намешаванд, ба далели набудани муҳофизон симхорҳои гирди кон ғорат шудаанд. Иншооти кон қисман тахриб ва масолеҳи сохтмониаш рабуда шудааст", - омадааст дар хабар.

Ба иттилои мақомот, дар ноҳияҳои Айиртауск ва Мусрепови Қазоқистони Шимолӣ шаш кони уран мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо баста ва пӯшида эълом шуданд, аммо мақомот барои ҳифзи бехатарии конҳо коре намекунанд.

XS
SM
MD
LG