Ссылки доступа

Қирғизистону Қазоқистон шуруъ аз 17 сентябр парвози ҳавопаймоҳоро барқарор мекунанд


Қурмонбек Акишев, мудири Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон хабар дод, ки парвозҳои байни Қирғизистону Қазоқистон аз 17 сентябр барқарор мешаванд.

"Мо айни замон ду парвозро дар ҳафта дар масири "Нурсултон-Алмато-Бишкек" мадди назар дорем. Дар оянда теъдоди парвозҳо бештар хоҳад шуд. Бо Узбекистон ҳам гуфтугӯ кардем. Парвозҳо аз 15 сентябр барқарор мешаванд", - гуфт Акишев.

Вай илова кард, ки масъалаи барқарории парвозҳо бо Русия ҳанӯз ҳал нашудааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар самти "Тошканд-Бишкек-Тошканд" дар ҳафта 1 парвоз ба роҳ монда мешавад.

Баъди он ки дар нимаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар Қирғизистон нахустин ҳолатҳои гирифтории сокинон ба вабои коронавирус ошкор шуд, ин кишвар парвозҳои доимиро бо ҳамаи кишварҳо қатъ кард.

XS
SM
MD
LG