Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба 144 пизишки гирифтори коронавирус ҷуброн пардохтанд


Ба 144 корманди муассисаҳои тандурустии Қирғизистон, ки ба вабои коронавирус мубтало шуда буданд, 200 ҳазор сомӣ (муодили 2,5 ҳазор доллар) ҷуброн пардохта шуд. Дар ин бора Айнура Акматова, як масъули вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи 11 сентябр хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба 21 хонаводаи пизишкони аз коронавирус фавтида 1 млн сомӣ (12,6 ҳазор доллар) ҷуброн пардохта шудааст.

Акматова нагуфт, ки ба пизишкон ва хонаводаҳои кормандони дигари тиб, ки аз вабои коронавриус фавтидаанд, ҷуброн пардохт мешавад ё на.

Дар Қирғизистон дар маҷмуъ 3163 корманди тиб ба вабои коронавиру мубтало шудааст. То рӯзи 30 июл дар он кишвар 73 корманди тиб аз вабои коронавирус фавтид, ки 44 танашон пизишк буданд.

Пештар аз ин ҳукумати Қирғизистон ваъда кард, ба ҳар корманди соҳаи тиб, ки мубталои вируси корона мешавад, 200 ҳазор сомӣ ва ба пизишкони дар ҷараёни фаъолият фавтида 1 миллион сомӣ мепардозад.

XS
SM
MD
LG