Ссылки доступа

Қарзи хориҷии Узбекистон ба 30 дарсади ММД расид


Вазорати молияи Узбекистон дар бораи вазъи қарзи хориҷии кишвар дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 10 сентябр гузориш нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳод, Узбекистон то рӯзи 1 июли соли ҷорӣ аз ниҳодҳои зер қарз гирифтааст:

Бонки осиёии рушд - 3,9 миллиард доллар;
Бонки ҷаҳонӣ - 3 миллиард доллар;
Эксимбонки Чин - 2 миллиард доллар;
Оҷонсии байналхалқии ҳамкории Ҷопон - 1,7 миллиард доллар;
Бонки давлатии рушди Чин - 1,3 миллиард доллар;
Сармоягузорони байналхалқӣ - 1 миллиард доллар;
Бонки исломии рушд - 0,8 миллиард доллар;
Бонки ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон - 0,4 миллиард доллар;
Ниҳодҳои дигари байналхалқии молӣ - 3,2 миллиард доллар.

Бино бар вазъи 1 июли соли ҷорӣ маҷмуи қарзи хориҷии Узбекистон 19,4 млрд доллари ИМА ё 34 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Узбекистон 1,6 млрд доллар ё 10,5% афзудааст.

Қарзи дохилии Узбекистон 6,2 фоиз афзуда, ба 2,1 миллиард доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG