Ссылки доступа

КБО аз эъдоми варзишгари машҳури эронӣ "дар ҳайрат аст"


Навид Афкари
Навид Афкари

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аз эъдоми Навид Афкорӣ, гуштигири шинохта дар Эрон сахт дар ҳайрат аст. "Ин хеле ғамангез аст", - омадааст дар изҳороти КБО, ки чанд соат пас аз эъдоми варзишгари эронӣ нашр шуд.

Дар изҳороти кумита ҳамчунин ба наздикону пайвандон ва дӯстони Навид Афкорӣ ҳамдардӣ баён шудааст.

Мақомоти Эрон бо вуҷуди даъватҳои батакрор дар дохилу хориҷ, ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ, гуштигири 27-солаи шинохтаро иҷро карданд.

Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд. Навид Афкорӣ ба қатли як нафар дар шаҳри ҷанубии Шероз дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 маҳкум шуда буд. Хонаводаи Афкорӣ гуфтаанд, Навид зери шиканҷа дар зиндон эътироф карда буд. Пеш аз ин, эъломи ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ вокуниши густардаро дар дохилу хориҷи Эрон дар пай дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хоста буд, ҳукми эъдоми Афкориро боздорад.

Иттифоқи ҷаҳонии касабаи варзишгарон даъват карда буд, ки дар сурати эъдоми Афкорӣ Эрон аз варзиши ҷаҳонӣ ихроҷ шавад.

XS
SM
MD
LG