Ссылки доступа

Қирғизистон аз Русия воксини зидди коронавирус мехарад


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар суҳбат бо "Биринчӣ радио" гуфт, ниҳодҳои дахлдори кишвараш барои харидории воксини "Спутник V" зидди коронавирус бо ҳамтоёни руси худ гуфтугӯ доранд.

"Интиқоли воксин ба кишвари мо хеле зарур аст. Зеро коронавирус ҳамоно ба инсоният хатар эҷод мекунад. Русия якумин кишваре шуд, ки зидди коронавирус воксин сохт. Хабар доданд, ки он аллакай аз санҷиши клиникӣ гузаштааст ва истифодааш ҳам оғоз шудааст", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон аз суханҳои Ҷеенбеков.

Русия аз ҳама пеш эълон кард, ки воксини нав ба зидди COVID-19-ро барои истифода расман сабт кард. Онро дар Озмоишгоҳи ба номи Гамалей офариданд.

Президенти Русия дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод, ки дар кишвараш нахустин воксини зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Ба гуфтаи вай, воксин дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад. Аммо на ҳама ба коромад будани воксин бовар доранд ва мегӯянд, воксин дуруст озмоиш нашудааст ва Русия шитоб мекунад.

Маъракаи воксинзанӣ зидди коронавирус дар Русия моҳи октябри соли равон оғоз мешавад. Он ҳоло марҳалаи санҷиши баъди бақайдгириро пушти сар мекунад ва қарор аст, дар ин давра он ба бадани 40 ҳазор одам гузаронида шавад. Марҳалаи мазкур аз 2 то 6 моҳ идома меёбад.

XS
SM
MD
LG