Ссылки доступа

Дар "Роҳпаймоии қаҳрамонҳо"-и Минск беш аз 100 ҳазор одам иштирок кард (видео)


Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар ҳамоиши эътирозии мухолифони Белорус, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Минск зери унвони "Роҳпаймоии қаҳрамонҳо" баргузор шуд, аз 100 то 150 ҳазор одам иштирок карданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ ба сӯи маҳаллаи нухбагон - "Дроздӣ" равон шуданд, ки дар он бештари мансабдорони наздик ба президенти Белорус Александр Лукашенко зиндагӣ мекунанд. Вале қудратиҳо пеши роҳи эътирозгаронро бастанд.

Ба иттилои Onliner, низомиён ба осмон оташ кушоданд, вале дар Вазорати умури хориҷии Белорус инро рад карданд.

Дар натиҷа як қисми эътирозгарон аз роҳ гашта, ба самти Қасри истиқлол - қароргоҳи Лукашенко равон шуданд. Бино ба гуфтаи шоҳидон, садҳо нафар боздошт шуданд.

Дар маркази Минск техникаҳои низомӣ мустақар ва ҳашт истгоҳи метро баста шуд. Мақомоти Белорус дар чандин ноҳия низ интернети мобилиро қатъ карданд.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои дигари Белорус аз қабили Брест, Гродно, Могилёв ва Гомел баргузор гардид. Дар Брест зидди эътирозгарон мошинҳои обпош истифода шудааст.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Белорус баъди эъломи натиҷаҳои расмии интихоботи президентии 9 август оғоз шуданд. Дубора барандаи интихобот эълом шудани Лукашенко эътирози сокинонро ба бор овард.

Лукашенко қарор аст, 14 сентябр ба шаҳри Сочии Русия сафар карда, бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Ин нахустин мулоқоти онҳо пас аз интихоботи 9 август аст. Кишварҳои Ғарб бар хилофи Русия ва баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ қонунӣ будани интихоботи Белорусро эътироф накарданд.

XS
SM
MD
LG