Ссылки доступа

Парванда зидди варзишкордухтари узбекистонӣ, ки ду мардро латту кӯб кард, бекор шуд


Парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини ноҳияи Норини вилояти Намангони Узбекистон Гулсанам Алиҷонова бекор шуд. Алиҷонова ду мардеро латту кӯб карда буд, ки ба гуфтааш, ӯро таҳкир карда буданд.

"Гулсанам гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати вай бекор шудааст. Хонум Алиҷонова намедонад, ки мардҳо даъвояшонро пас гирифтаанд ё ин тасмими мақомоти ноҳия аст", - гуфт Раҳимҷон Султонов, як рӯзноманигори маҳаллӣ.

Расонаҳо чанде пеш хабар дода буданд, дар вилояти Намангони Узбекистон нисбати зани 23-солае парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки ду марди яке 30 ва дигаре 33-соларо латту кӯб кард.

"Шаҳрванд Г.А. рӯзи 25 июн бо вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бидуни сабаб, марди 33-сола У.А.-ро латту кӯб кард. Шаҳрванд Г.А. баъдан марди 30-сола А.Н.-ро, ки мехост, ҷанҷолро ором кунад, латту кӯб кард", - хабар дода буданд расонаҳо бо такя ба мақомоти корҳои дохилии Узбекистон.

Мақомоти Узбекистон аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳамакнун ин парванда бекор шудааст.

Гулсанами 23-сола ба варзиш машғул аст ва дар чанде аз мусобиқаҳо пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG