Ссылки доступа

Беш аз 2600 касро барои бениқобӣ дар Тоҷикистон ҷазо додаанд


Худжанд, июль 2020. Замер температуры у гостей свадьбы

Дар Тоҷикистон бар асоси бандҳои навшудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар назар дорад, беш аз 2600 нафарро муҷозот кардаанд.

Моҳи июли соли равон ду моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйир ёфт, ки барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла надоштани ниқоби тиббӣ, ҷарима пешбинӣ мекунад.

Мақомот гуфтанд, ки ин тағйирот барои коҳиши гирифторони бемории ҳамагири коронавирус анҷом шудааст. Сокинон мегӯянд, ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ ба як расмиёт табдил ёфтааст, вагарна кам касон дар Тоҷикистон онро риоя мекунанд. Пизишкон ба доштани ниқоби тиббӣ таъкид мекунанд, чун онро яке аз роҳҳои сироят наёфтан ба коронавирус медонанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксари ҷаримашудаҳо онҳое ҳастанд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар бозору мағозаҳо бидуни ниқоби тиббӣ ҳузур доштаанд.

Барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабсро дар пай дорад.

Сокинон мегӯянд, кормандони милиса интихобӣ ва танҳо ба хотири анҷоми расмиёт ҷарима мекунанд.

Баҳруллои Нодир, як сокини шаҳри Душанбе, ки бо кормандони милиса барои надоштани ниқоби тиббӣ вориди баҳс шудааст, мегӯяд, аксари сокинон дар ҳавои гарми кишвар ниқоби тиббӣ ба бар намекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто худи кормандони милиса ва кормандони дигар мақомоти интизомиро метавон бидуни ниқоби тиббӣ дид.

“Ман аз автобус баромадам ва ниқобамро барои ҳавои тоза гирифтан барои чанд дақиқа гирифта будам, ки як нозири роҳ боздоштам кард ва гуфт, ки ниқобат куҷост. Нишон додам ва гуфтам, ки барои ҳавои тоза нафас кашидан онро гирифтам. Мехост, ҷарима кунад, ки ҳамроҳашро нишон додам, ки ниқоб надошт. Гуфтам, худатон риоя намекунед, чаро аз мо мепурсед.”,-гуфт ӯ.

Пизишкони тоҷик мегӯянд, феълан доштани ниқоби тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ягона роҳи эмин мондан аз коронавирус аст, вале сокинон онро риоя намекунанд, ё ниқоби тиббиро нодуруст истифода мекунанд.

Ҷумъахон Рузиев, як пизишки тоҷик мегӯяд, бархе аз сокинон аз тарси қонун бо худ ниқоби тиббӣ мегиранд, вале қоидаҳои доштани онро риоя намекунанд.

“Дар як рӯз ду се бор ниқобро бояд иваз кард. Лекин шаҳрвандони мо як ниқобро ду се рӯз истифода мекунанд. Ниқоб дар кисааш ҳаст, ба ягон бино ворид шуд, онро ба бар мекунад. Ин хел ниқобҳо, баръакс, манбаи паҳншавии вирус мешаванд. Шаҳрвандон бояд дуруст қоидаҳоро аз бар кунанд, на ин ки аз тарси қонун хатарноктар амал намоянд.”,-гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ ва ғайрирасмӣ теъдоди гирифторони коронавирус ва фавт аз он чандон коҳиш наёфтааст.

Бисёре аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди фавту гирифтории сокинон аз ин беморӣ зоҳиран тарси мардум камтар шудааст.

Баҳруллои Нодир, сокини Душанбе мегӯяд, он тарсе, ки моҳи апрел ва май, дар авҷи хуруҷи беморӣ вуҷуд дошт, дигар дида намешавад.

“Бисёриҳо фикр мекунанд, ки онҳо коронавирус намешаванд ва ё шуданд ҳам, монанди садҳо каси дигар шифо меёбанд. Мардуми мо як гап доранд, ки “ҳамааш кори Худо аст” ва риоя намекунанд.”,-гуфт ӯ.

Тоҷикистон поёни моҳи апрели соли 2020 нахустин ҳолати сирояти шаҳрвандонаш ба короновируси навро эътироф кард.

Бинобар омори охире, ки Вазорати тандурустӣ пешкаш кард, шумораи фавтидагон аз коронавируси нав дар кишвар ба 72 нафар расидааст. Оморе, ки коршиносон ва сокинон ба он бовар надоранд ва рақамҳои воқеиро ба маротиб бештар медонанд.

Аз 30-юми апрел то 12-уми сентябри соли равон расман шумораи сироятёфтаҳоро 9014 нафар ҳисоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG