Ссылки доступа

Президенти Белорус барои мулоқот бо Путин ба Сочӣ рафт


Президенти Белорус Александр Лукашенко барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба шаҳри Сочӣ сафар кард.

Ин нахустин сафари хориҷии Лукашенко баъд аз интихоботи президентии 9 август аст, ки ҳамоишҳои эътирозӣ зидди натиҷаҳои он бо иштироки садҳо ҳазор одам то ҳол дар Белорус идома доранд.

Кишварҳои Ғарб дар баробари мухолифони Белорус натиҷаҳои расмии интихоботро ба иллати сохтакориҳои густарда ҳангоми шумориши раъйҳо эътироф накарданд. Муҳлати ахири президентии Лукашенко 5 ноябр ба поён мерасад ва санаи савгандёдкунии нави ӯ маълум нест. Шурои ҳамонҳангсози мухолифони Белорус мегӯяд, баъди 5 ноябр Лукашенко дигар раҳбари қонунии он кишвар нест.

Владири Путин пас аз эълони натиҷаҳои расмии интихобот фавран Лукашенкоро бо пирӯзияш дар раъйгирии 9 август табрик гуфт. Дар бораи мулоқоти пешорӯ ду ҳафта пеш хабар дода шуд.

Ба иттилои хабаргузории расмии белорусии БелТА, мулоқот дар шакли "як ба як" баргузор шуда, ҷонибҳо "вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мекунанд". Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар тасдиқ карда буд, ки дар вохӯрии Сочӣ масъалаи ҳамгироӣ баҳс мешавад, вале гуфт, ягон санад имзо нахоҳад шуд.

Мухолифони Белорус ва як қатор кишварҳои Ғарб изҳори нигаронӣ доранд, ки эҳтимол дорад Лукашенко дар ин вазъи кунуниаш дар робита ба масъалаҳои ҳамгироӣ ба Путин гузаштҳоеро бикунад.

Хабаргузории Bloomberg ахиран навишт, ки дар Кремл ба сарнагун шудани ҳукумати Лукашенко дар натиҷаи эътирозҳо бовар надоранд, вале ҳамзамон эътимодашон ба худи ӯ низ, ки пеш аз интихобот борҳо Русияро интиқод карда буд, коҳиш ёфтааст. Кремл то ҳол ин матлабро шарҳ надодааст.

Вазорати умури дохилии Белорус омори иштирокдорони ҳамоиши эътирозиро нашр кард. Ба иттилои манбаъ, шумори тазоҳургарон аз 22 ҳазор бештар набуд ва 774 тан дастгир шудааст.

"Дар саросари кишвар 13 сентябр 28 ҳамоиши эътирзӣ баргузор шуд. Теъдоди умумии тазоҳургарон аз 22 ҳазор зиёд набуд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Пулис теъдоди роҳпаймоён ба сӯи "Дроздов"-ро ҳудуди 15 ҳазор одам арёзбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG