Ссылки доступа

Кормандони КДАМ дар робита ба ҳаводиси Кой-тоши Қирғизистон шоҳидӣ медиҳанд


Дар ҷаласаи навбатии додгоҳии марбут ба ҳаводиси як соли пеши деҳаи Кой-тоши Қирғизистон кормандони гуруҳи вижаи "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шоҳидӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ Замир Жоошев, дар маҷмуъ 54 корманди "Алфа" пурсида хоҳад шуд.

"Аз ҷониби айбдоршавандаҳо наздики 400 шоҳид ҳаст. Онҳо баъди кормандони КДАМ пурсида хоҳанд шуд", - гуфт Жоошев.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG