Ссылки доступа

Додгоҳи шаҳри Нурсултон фаъоли ҷамъиятиеро барои ибораи "сагбачаҳои Назарбоев" ҷарима кард


Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 14 сентябр Ербол Есхожин, як фаъоли ҷамъиятиро бо айби "таҳқири намояндаи давлат" наздики 520 доллар ҷарима кард.

Олга Эннс, вакили мудофеи фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. Ербол Есхожин гуфт, ки тавони пардохти ин ҷаримаро надорад.

Муҳокимаи додгоҳии мазкур 24 август шуруъ шуда, то ин замон панҷ ҷаласа баргузор шуд.

Ербол Есхожинро барои он ба додгоҳ кашиданд, ки дар ҷараёни гирдиҳамоиҳои зимистони соли ҷорӣ чанд тан аз кормандони пулисро "сагбачаҳои Назарбоев" номидааст.

Есхожин мегӯяд, парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад. Ин фаъоли ҷамъиятиро сар аз соли гузашта то ин замон барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ шаш маротиба ҳабси маъмурӣ кардаанд. Вай дар маҷмуъ 85-рӯзро дар ҳабси маъмурӣ пушти сар кардааст.

XS
SM
MD
LG