Ссылки доступа

Олмон гуфт, аз "Новичок" заҳролуд шудани Навалнийро 2 озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ тасдиқ карданд


Олмон гуфт, ки таҳқиқи ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки мунаққиди Кремлин Алексей Навалний бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Дар изҳороти ҳукумати Олмон рӯзи 14-уми сентябр гуфта шудааст, ки “аз навъи заҳри “Новичок” заҳролуд шудани ҷаноби Навалнийро се озмоишгоҳи мустқил тасдиқ карданд. Мо бори дигар аз Русия даъват мекунем, ки шарҳ бидиҳад, ки чӣ гузашт. Дар заминаи иқдомҳои баъдии худ мо бо шарикони аврупоии худ дар тамоси наздик қарор дорем”.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст.

Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад. Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки эҳтимоли бо амри мақомоти баландпояи Русия заҳролуд шудани Навалний хеле зиёд аст.

XS
SM
MD
LG