Ссылки доступа

Бонки марказии Узбекистон гуфт, камшавии интиқоли маблағҳои шаҳрвандон аз хориҷ идома дорад


Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ интиқоли маблағҳои шаҳрвандони Узбекистон аз хориҷ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4% кам шудааст. Дар ин бора Бонки марказии Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Бонки марказии он кишвар, дар ҳашт моҳи имсол шаҳрвандони Узбекистон аз хориҷ ба кишварашон 3,7 миллиард доллар интиқол додаанд. Ин миқдор маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 миллион доллар ва ё 5,4% кам аст.

Интиқоли маблағҳо дар моҳҳои март-апрел ниҳоят кам шуда, дар моҳи май нисбатан боло рафтааст.

Мақомоти бонкии Узбекистон мегӯянд, шаҳрвандони кишвар аз хориҷ бештарини маблағро дар моҳи июн интиқол додаанд. Дар он моҳ аз хориҷ ба Узбекистон 621 миллион доллар фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG