Ссылки доступа

NYT: Навалний мехоҳад, ба Русия баргардад


Нашрияи амрикоии The New York Times (NYT) бо истинод ба як манбаъ дар ниҳодҳои амниятии Олмон навиштааст, ки мухолифи заҳролудшудаи рус Алексей Навалний мехоҳад, ба маҳзи сиҳат шудан ба ватанаш баргардад.

"Ӯ мехоҳад, ба хонааш дар Русия баргашта, кори худро идома диҳад", - изҳор доштааст ҳамсуҳбати нашрия.

Ба иттилои The New York Times, мухолифи рус бо вуҷуди нигарониҳо аз нигоҳи равонӣ осебе надидааст. Навалний ба додситони Олмон гуфтааст, огоҳ аст, ки ҳоло дар куҷо аст ва бо вай чӣ рух додааст. Ӯ пешниҳоди ҳамкории ҷониби Русияро дар рафти тафтишот рад кардааст.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.

Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки эҳтимоли бо амри мақомоти баландпояи Русия заҳролуд шудани Навалний хеле зиёд аст.

XS
SM
MD
LG