Ссылки доступа

Аттокуров: "имкони пайвастшавии Қирғизистон ба Русия баррасӣ мешавад"


Қирғизистониҳои муқими Русия аз сафорати кишвари худ дар шаҳри Москва хостаанд, суханҳои сафири пешин Райимқул Аттокуровро шарҳ диҳад, ки гуфтааст "дар Қирғизистон имкони пайвастшавӣ ба ҳайати Русия баррасӣ мешавад".

Дар сафорати Қирғизистон дар Москва гуфтанд, ин изҳорот ҳеч асосе надорад ва худи Аттокуров шаҳрванди Русия аст ва ҳамчун шаҳрванди одӣ назари худро баён кардааст.

"Қирғизистон кишвари мустақил, соҳибихтиёр ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аст. Ба ҷуз ин, тибқи Конститутсияи Қирғизистон, забони русӣ дар ин кишвар на забони давлатӣ, балки забони расмӣ аст. Раҳбарияти Қирғизистон дар мавриди ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истодагарӣ дар баробари манфиатҳои миллӣ самти устувореро пеш гирифтааст", - гуфта шудааст дар иттилоияи сафорати Қирғизистон дар Русия.

Қаблан сафири пешини Қирғизистон дар Москва Райимқул Аттокуров дар суҳбат бо як расонаи русӣ гуфта буд, "дар Қирғизистон имкони пайвастшавӣ ба ҳайати Русия баррасӣ мешавад". Ин гуфтаҳо баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

XS
SM
MD
LG