Ссылки доступа

Раиси пешини Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд мушовири президенти Узбекистон таъйин шуд


Роҳбари пешини Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд Сума Чакрабартӣ мушовири президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар масоили рушди иқтисод, мудирияти муассир ва ҳамкориҳои байналхалқӣ таъйин мешавад.

Дар ин бора Чакрабартӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

"Бо беқарорӣ мунтазирам, ки ба Шавкат Мирзиёев дар амалисозии барномаи ислоҳот кӯмак расонам", - навишт Сума Чакрабартӣ.

Вай ҳамзамон навишт, ки мушовири президенти Қазоқистон дар умури рушди иқтисодӣ ва мудирияти муассир таъйин шуда буд.
Сума Чакрабартӣ аз соли 2012 то моҳи июли соли 2020 роҳбари Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд буд.
XS
SM
MD
LG