Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми фаъоли ҷамъиятӣ Иляшевро бетағйир боқӣ гузошт


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 15 сентябр шикояти фаъолияти ҷамъиятӣ Алнур Иляшевро бетағйир боқӣ гузошт.

Иляшевро баъди танқидҳои ҳизби ҳокими "Нур Отан" бо айби "паҳнсозии иттилои бармало дурӯғ" ба додгоҳ кашиданд.

Иляшеви 42-сола рӯзи 22 июни соли ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Додгоҳ озодиҳои ӯро се сол маҳдуд ва ҳамзамон ба 100 соати кори ҷамъиятӣ маҳкум кард. Иляшев бо ҳукми додгоҳ ҳақ надорад, ки панҷ соли оянда ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ машғул шавад.

Ин фаъоли ҷамъиятӣ баъди он ба додгоҳ кашида шуд, ки тариқи Фейсбук аз фаъолияти ҳизби ҳокими Қазоқистон "Нур Отан" танқид кард. Вай ҳамзамон аз фаъолияти мақомоти кишвараш дар давраи паҳншавии вабои коронавирус интиқод намуд. Иляшев ба дунболи танқидҳояш дар моҳи апрел боздошт ва ду моҳ дар ҳабс буд. Вай айбҳои эъломшударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG