Ссылки доступа

Мақомоти интихоботии Қирғизистон туҳфадиҳии раиси порлумонро месанҷанд


Достонбек Ҷумабеков, раиси порлумони Қирғизистон, ки ҳамзамон дар интихоботи пешорӯи порлумонӣ аз ҳизби "Қирғизистон" номзад аст, ба як навзоди вилояти Таласс 630 доллари ИМА туҳфа кардааст.

Аз порлумони Қирғизистон хабар доданд, ки сокини вилояти Таласс писарашро ба ифтихори раиси порлумон номгузорӣ кардааст.

Ҷумабеков дар сафараш ба вилояти Таласс бо модари навзод мулоқот кард.

"То интихоби раиси нави порлумон Достонбек Ҷумабеков раис боқӣ мемонад. Зан писарашро ба ифтихори раиси порлумон номгузорӣ кард ва раис ба вай кӯмаки моддӣ расонд. Мо ин масъаларо бо ҳуқуқшиносон баррасӣ мекунем", - гуфт котиби матбуотии порлумони Қирғизистон.

Дар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон гуфтанд, ки номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ набояд ба корҳои хайрия машғул шаванд, зеро кӯмаки моддӣ ба "раъйхарӣ" баробар дониста мешавад.

Абдижапар Бекматов, муовини раиси Комисияи интихоботии Қирғизистон гуфт, ин масъала дар ҷаласаи Комисия баррасӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 14 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, раиси порлумон, номзад ба мақоми вакилӣ аз ҳизби "Қирғизистон" Достонбек Ҷумабеков ба навзоде 50 ҳазор сом (муодили 630 доллари ИМА) тақдим кардааст. Ин хабар баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

XS
SM
MD
LG