Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон ваъдаи гарон накардани маҳсулоти асосии ғизоиро доданд (видео)


Дар Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ ба ин тараф қимати маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба таври назаррас боло рафтааст.

Мақомоти он кишвар ваъдаи боло набурдани қимати маҳсулотро медиҳанд, аммо қазоқистониҳо нигаронанд, ки мавҷи дувуми вабои коронавирус ба камчин ва гарон шудани маҳсулот сабаб мегардад.

Что уже подорожало в Казахстане с начала года
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:56 0:00

Аз оғози сол ба ин тараф дар Қазоқистон қимати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ 4,5 дарсад боло рафтааст.

"Сабаби асосии болоравии қимати маҳсулот ин тағйири талабот ба он аст. Талабот ба маҳсулот ба сабаби ҷоришавии карантини марбут ба вабои коронавирус тағйир кардааст. Албатта карантин ба вазъи ҳамлу нақли маҳсулот таъсир расонд", - гуфт вазири тиҷорати Қазоқистон Бахит Султонов.

Сокинони Қазоқистон мегӯянд, бештар аз дигар маҳсулот болоравии қимати гӯшт, равған, ҳасибро эҳсос кардаанд.

Сарвазири Қазоқистон ба роҳбарони минтақаҳои кишвараш дастур додааст, ки барои ҳифзи қимати маҳсулот чораандешӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, аз буҷаи давлат барои ин кор 17 миллиард танга ҷудо шудааст.

Как поднять экономику после коронавируса? Предложения лидеров стран Центральной Азии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:27 0:00

XS
SM
MD
LG