Ссылки доступа

Хабари озод шудани донишҷӯёни қирғиз аз навиштани кори дипломӣ рад шуд


Kyrgyzstan - students, education, university, graduate, generic, undated
Kyrgyzstan - students, education, university, graduate, generic, undated

Масъулони Донишгоҳи миллии Қирғизистон хабари озод шудани донишҷӯёни донишгоҳи мазкурро аз навиштани кори дипломӣ рад карданд.

Дар хадамоти матбуотии донишгоҳ гуфтанд, ки озод кардани донишҷӯён аз навиштани кори дипломӣ номумкин буда, дар рафти ҳимояи онлайнии корҳо комиссия иштирок мекунад.

"Дар мо имсол ҳатмӣ будани навиштани кори дипломиро бекор карданд. Ҳар касе хоҳад менависад, касе нахоҳад, имтиҳон месупорад. Ин тасмим дар пайи ошкор шудани ҳолатҳои асардуздӣ гирифта шудааст", - навишт як корбари шабакаи Твиттер.

Дар Қирғизистон барои муайян кардани асардуздӣ барномаи махсуси "Анти-Плагиат" истифода мешавад ва он дар сомонаи Комиссияи олии аттестатсионӣ дастрас аст.

Додситонии кулли Қирғизистон соли 2018 зидди бархе аз масъулони Департаменти илмҳои Вазорати маорифи ин кишвар барои сармоягузории корҳои илмӣ-пажуҳишие парванда боз кард, ки дар онҳо асардуздӣ ошкор гашт.

XS
SM
MD
LG