Ссылки доступа

Дар Узбекистон COVID-19 талабот ба томографияи компютериро бештар кардааст


Дар шаҳри Тирмизи Узбекистон сокинон соатҳо пӯшти дари томографияи компютерӣ навбатпоӣ мекунанд.

Шоҳидон мегӯянд, вақтҳои охир шумори касоне афзудааст, ки мехоҳанд, тавассути томография дар бораи мубтало будан ё набудани худ ба коронавирус иттилоъ гиранд. Пизишкон аз шаҳри Тирмиз мегӯянд, дар шаҳр шумори мубталоёни коронавирус ва илтиҳоби шуш афзоиш ёфтааст. Ба ин далел, бештари сокинон ба маҳзи пайдо шудани нишонаҳои аввалини илтиҳоб ё коронавирус ба суроғи томография мераванд.

Аз сӯи дигар, сари вақт омода нашудани хулосаи ташхиси коронавирус, сокинонро маҷбур кардааст, ки ба ҷустуҷӯи томография раванд. Як сокини шаҳри Тирмиз гуфт, вай ҳамроҳ бо шавҳараш аз соати 3 шаб навбат гирифта, танҳо соати 10 пагоҳӣ аз томография гузаштаанд.

Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки ахиран шумори гирифторони илтиҳоби дутарафаи шуш дар он кишвар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG