Ссылки доступа

Дар Қара-Кечеи Қирғизистон бунёди роҳи нав оғоз шуд


Вазорати нақлиёти Қирғизистон мегӯяд, мутахассисони ин ниҳод 15 сентябр маҳалли лағзиши замин дар кони ангишти Қара-Кечеи вилояти Норинро, ки як қисми роҳи мошингарди Дийкан - Қара-Кечеро бастааст, омӯхтанд.

Комиссия ба хулосае расидааст, ки тоза кардани роҳ номумкин аст. Бинобар ин, тасмим гирифта шудааст, ки роҳи нав бунёд кунанд.

Бунёди роҳи нав аллакай 16 сентябр оғоз шуда, қарор аст, он давоми 10-12 рӯз ба истифода дода шавад.

Дар кони ангишти Қара-Кечеи вилояти Норини Қирғизистон 14 сентябр лағзиши замин ё ярч ба амал омад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ярч дар 37-километрии роҳи мошингарди Дийкан-Қара-Кече фаромадааст. Он ҷараёни шохоби дарёи Қара-Кече ва роҳи мошингардро баста, хатҳои барқро тахриб кардааст.

XS
SM
MD
LG