Ссылки доступа

Қазоқистон дар размоишҳои Белорус "таҷрибаи роҳандозии амалиёти сулҳомез"-ро меомӯзад


Қазоқистон дар размоишҳои "Бародарии халалнаёбанда" ширкат мекунад, ки аз 12 то 16 октябр дар ҳудуди Белорус баргузор хоҳад шуд. Дар ни бора Ғанӣ Нусипов, сухангӯи вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод.

Вай гуфт, ин размоишҳо ба "вазъи дохилии Белорус рабт надоранд".

Соли ҷорӣ чанд тан аз намояндагони Қазоқистон дар размоишҳо "ба ҳайси нозир дар ҳайати гуруҳи зудамал ширкат мекунанд, ки ҳадафашон омӯзиши таҷрибаи ташкили амалиёти сулҳомез аст", гуфт Нусипов.

Ба ҷуз аз Қазоқистон дар размоишҳои моҳи октябр дар Белорус Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд. Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки низомиён дар размоишгоҳи "Лосвидо" омодагӣ ва роҳандозии амалиёти ҳифзи сулҳро меомӯзанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Белорус размоишҳои "Бародарии славянӣ - 2020" баргузор мешавад, ки дар он Русия низ ширкат дорад. Ба иттилои расонаҳои Русия, ин размоишҳо дар Брести Белорус то 25 сентябр идома мекунанд. Аз қабл интизор мерафт, ки дар размоишҳои мазкур Сербистон низ ширкат хоҳад кард, аммо мақомоти он кишвар гуфтанд, барои ним сол аз ҳама гуна размоишҳо худдорӣ меварзанд.

XS
SM
MD
LG