Ссылки доступа

Дар шимоли Қазоқистон зукоми мурғ бедод мекунад


Вазорати кишоварзии Қазоқистон 17 сентябр хабар дод, ки "зидди паҳншавии зукоми мурғ" дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ чораҷӯӣ мекунад.

Ба иттилои ин вазорат, аз 9 то 16 сентябр дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Қазоқистони Шимолӣ талафоти мурғи хонагӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Марказҳои омӯзишӣ ба ин натиҷа расиданд, ки талафоти мурғ дар натиҷаи зуком рух додааст. Мақомоти Қазоқистон дар ин бора ба Созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳайвон хабар доданд", - иттилоъ доданд аз вазорати кишоварзии Қазоқистон.

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки вилояти Қазоқистони Шимолиро поккорӣ ва ҷасади мурғҳои аз зуком талафшударо маҳв кунанд. Сар аз 17 сентябр содироти мурғ ва маҳсулоти мурғӣ аз вилоят манъ шудааст.

Ба соҳибони мурғҳои талафшуда ваъдаи кӯмакпулӣ дода шудааст.

XS
SM
MD
LG