Ссылки доступа

Трамп гуфт, моҳи октябр дар ИМА воксинзании сартосарӣ шуруъ мешавад


Дар ИМА моҳи октябр воксинзании сартосарии аҳолӣ аз коронавирус шуруъ мешавад ва дар поёни соли ҷорӣ 100 миллион мояи воксин таҳия мешавад, гуфт Доналд Трамп, президенти Амрико.

"Мо дар талоши он ҳастем, ки воксинро ба таври муассир ва бехатар дастрасу тақсим кунем. Мо бар ин назарем, ки метавонем, ин корро дар моҳи октябр шуруъ кунем", - гуфт Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед.

Трамп баъдтар илова кард, ки дар сурати аз масир берун рафтани нақшаҳо, воксинзанӣ дар ИМА мумкин аст, "моҳи ноябр ё дери дер дар моҳи декабр" шуруъ шавад.

Вай гуфт, ба маҳзи аз сӯи Раёсати беҳдоштӣ ва назорати сифати маҳсулоти ғизоӣ ва доруӣ сабт шудани воксин, ИМА истеҳсоли мояҳои миллионии онро ба роҳ мемонад.

Аммо мақомоти тандурустии ИМА гуфтанд, ки эҳтимол дорад, истеҳсоли сартосарии воксин танҳо дар охири семоҳаи дувуми соли 2021 ба роҳ монда шавад.

Энтонӣ Фаучӣ, сартабиби бемориҳои уфунии ИМА гуфт, шаҳрвандони Амрико набояд дастрасӣ ба воксинро барвақттар аз нимаи соли 2021 интизор шаванд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин 11 август аз сабти "нахустин воксини зидди коронавирус" хабар дода буд.

Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ин воксин ҳамаи марҳилаҳои санҷишро нагузаштааст.

XS
SM
MD
LG