Ссылки доступа

Талаби то 10 соли зиндон барои гумонбарони дуздии силоҳ аз қисми низомии Қазоқистон


Айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳашт гумонбари парвандаи "дуздӣ ва фурӯши силоҳ аз қисми низомӣ"-и ноҳияи Ордоби вилояти Туркистони Қазоқистон аз 5 то 10 соли зиндон талаб кард.

Сержанти хурд Абил Балгинбой дар "нақзи қоидаҳои хидмати дохилӣ", "дуздӣ ё ғасби силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда" ва "ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва интиқоли силоҳ" айбдор мешавад.

Гумонбарони дигар Каганат Оринбек, Шингис Шатаев, Санжар Бекжан, Бауиржан Дамиров, Багдаулет Арин, Шодиёр Камбар, Багдаулет Малик ба ҳамдастӣ дар дуздӣ ва фурӯши силоҳҳои қисмӣ низомӣ гумонбар ҳастанд.

Додситон барои Балгинбой 10 соли зиндон талаб кардааст. Оринбек барои ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шуда, айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 5 соли зиндон хостааст. Барои Шатаев 10 сол ва барои гумонбарони боқӣ 8-солӣ талаб шудааст.

Ҳангоми баррасии парванда дар додгоҳи низомии Чимкент гуфта шуд, ки айбдоршавандаҳо аз қисми низомии Ордоб 30 автомат, 30 туфангча ва лавозимоти ҷангирро дуздидаанд.

Моҳи феврали соли равон хабар дода шуд, ки аз қисми низомии 10216-и Қазоқистон як сарбоз гурехтааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ӯ бо худ 30 автомат, 27 туфангча ва 429 тирро бурдааст. Дертар пулиси Қазоқистон хабар дод, ки гумонбарро дастгир кард.

XS
SM
MD
LG