Ссылки доступа

Дар Тошканд дар ҳамкорӣ бо Куриё маркази табобати саратон сохта мешавад


Дар ин бора рӯзи 16 сентябр дар ҷараёни мулоқоти вазири тандурустии Узбекистон Алишер Шодмонов бо раиси кумитаи илмиву пажуҳишии Эътилофи тибби Куриё, профессори Донишгоҳи Чойи Куриё Чже Ук иттилоъ дода шуд.

Дар канори маркази табобати саратон дар шаҳри Тошканд донишгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад шуд.

"Ба ин тартиб, талош мешавад, ки илм ва таҷрибаи тиббӣ дар Узбекистон то ба сатҳи меъёрҳои пешрафта боло бурда шавад", - хабар медиҳанд мақомоти тандурустии Узбекистон.

XS
SM
MD
LG