Ссылки доступа

Узбекистон аз 1 октябр марзҳояшро боз мекунад


Комисияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон тасмим гирифтааст, маҳдудияти равуои сокинон ва воситаҳои нақлиётро тавассути гузаргоҳҳои марзӣ сабуктар кунад.

Даромаду баромад аз Узбекистон тавассути роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ аз 1 октябри соли равон бо риояи қоидаҳои карантину беҳдоштӣ дубора иҷозат дода мешавад.

Мусофироне, ки 14 рӯзи ахир дар "кишварҳои сабз" қарор доштанд, ба Узбекистон бидуни маҳдудият ворид мешаванд. Ба рӯйхати ин кишварҳо Чин, Тайланд, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон шомиланд.

Шахсоне, ки аз "кишварҳои зард" (Озарбойҷон, Белорус, АМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз аз Бритониё ва Испания) ва "кишварҳои сурх" (кишварҳои боқии ҷаҳон) меоянд, танҳо дар асоси натиҷаи манфии озмоиши коронавирус, ки на дертар аз 72 соат гирифта шудааст, ба Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки тавассути роҳҳои заминӣ аз Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Узбекистон ворид мешаванд, баъди супоридани санҷиши коронавирус ё экспресс-тест ба карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё манзили шахсӣ фиристода хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG