Ссылки доступа

Соҳибҷамоли пешин Трампро дар таҷовузи чанд соли пеш айбдор кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Эмӣ Доррис, як соҳибҷамол ё модели пешин Доналд Трамп, президенти ИМА-ро дар хушунати ҷинсӣ айбдор кард. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар дод.

Ба гуфтаи Доррис, хушунати ҷинсӣ дар шаҳри Ню-Йорк соли 1997, замони мусобиқаи теннис рух додааст. Трамп он замон ба тиҷорат машғул буд. Гӯиё баъди мулоқот Трамп талош кардааст, Доррисро ба оғуш гирад.

Вакилони мудофеи Трамп айбҳои ахирро рад мекунанд. Мудофеан мегӯянд, соҳибҷамол дар ин бора ба пулис хабар надодааст. Вакилони мудофеъ гуфтанд, мумкин аст, айбҳои Доррис ангезаи сиёсӣ дошта бошанд, зеро танҳо дар остонаи интихоботи президентии ИМА дар ин бора хабар дода шуд. Қарор аст, интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шавад.

Нисбати Трамп айбҳои марбут ба хушунати ҷинсӣ борҳо садо доданд. Дар интихоботи президентии соли 2016 садое расонаӣ шуд, ки Трамп дар он мегӯяд, "ситора" будан ба вай иҷозат медиҳад, ки ба занон даст расонад. Трамп он замон узрхоҳӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG