Ссылки доступа

Марги чаҳор тан ва ҳолати вазнини 100 каси дигар аз COVID-19 дар Қазоқистон


Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 78 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Гирифторони ин вирус дар шаҳри Нурсултони он кишвар афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар як рӯзи охир 155 кас шифо ёфта, чаҳор кас фавтидааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, 100 одам дар ҳолати вазнин қарор дошта, 15 тани онҳо ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шудааст.

Мақомоти он кишвар гуфтанд, аз илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус дар Қазоқистон дар як рӯзи охир 2 кас вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG