Ссылки доступа

Дар Қирғизистон вохӯрии номзад бо интихобкунандаҳо ба занозанӣ печид (видео)


Дар ноҳияи Аравани вилояти Ӯш вохӯрӣ бо номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" ба занозанӣ анҷомид.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар натиҷа 12 кас захмҳои гуногун бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Ба огаҳии пулиси Ӯш, дар маҳалли ҳодиса ҳудуди 100 кас ҳузур дошта, 10 нафар боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шудааст. Дар натиҷаи занозанӣ 5 мошин ҳам осеб дидааст. Ҳаҷми хисороти молиро муайян мекунанд.

Ба гуфтаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, занозанӣ миёни номзадҳои ҳизбҳои "Мекеним Қирғизистон" ва "Биримдик" сар задааст. Вале ин иттилоъро то ҳол ягон ҳизб тасдиқ накардааст.

Сабаби занозанӣ ҳам маълум нест. Пулиси Ӯш мегӯяд, "Мекеним Қирғизистон" мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз баргузории вохӯрӣ бо номзадҳояш огаҳ накарда буд.

Дар ҳизби "Мекеним Қирғизистон" ҳодисаро ҳангома номиданд, вале нагуфтанд, ки кадом ҷониб онро барангехт. "20 сентябр номзади ҳизб ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон Илҳом Маннонов дар ноҳияи Арван мулоқоти худро бо интихобкунандагон баргузор кард. Вале як гуруҳи ҳангомасозон мулоқотро ба ҳам зада, иштирокдорони маъракаи таблиғотии номзадро латтукӯб карданд", - омадааст дар изҳороти ҳизб.

Ҳизби "Биримдик" ҳам бо нашри як изҳорот аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хостааст, дастандаркорони занозанӣ муҷозот шаванд. "Умедворем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кутоҳтарин муддат тафтишотро анҷом дода, ҳангомасозонеро муайян хоҳанд кард, ки дар мулоқоти номзади яке аз ҳизбҳо бо интихобкунандагон миёни сокинон ҷанҷолро барангехтанд", - афзудааст ҳизб.

XS
SM
MD
LG