Ссылки доступа

Марги ноиб-сарвазири Узбекистон аз коронавирус


Уктам Барноев, ноиб-сарвазири Узбекистон рӯзи 20 сентябр аз вабои коронавирус фавтид. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба мақомоти Узбекистон иттилоъ медиҳанд.

Барноев аз моҳи феврал ба ин тараф бахши кишоварзӣ ва ғизоиро дар ҳукумати Узбекистон роҳбарӣ мекард. То моҳи феврал вай раиси вилояти Бухоро буд. Расонаҳо ҳанӯз дар охири моҳи июл аз гирифтории Барноев ба коронавирус хабар дода буданд.

Сомонаи Kun.Uz навишт, ки ин мансабдори давлатӣ барои табобат ба Олмон ирсол шуда ва ҳам дар онҷо вафот кард.

То ин замон дар Узбекистон раиси порлумони Қарақалпоқистон Мусо Ерниёзов, муовини вазири молия Еркин Турсунов вафот кардаанд.

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Узбекистон 15 марти соли ҷорӣ сабт шуд. То 20 сентябр шумори гирифторон дар он кишвар ба бештар аз 51 ҳазор ва шумори фавтидагон аз ин вирус ба 429 кас расидааст.

Почему в странах Центральной Азии такая разная статистика по коронавирусу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:47 0:00

XS
SM
MD
LG