Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷасади мудири мактабро аз дохили ҳоҷатхона овезон пайдо карданд


Ҷасади мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Китоби Қашқадарёи Ӯзбекистонро дар дохили ҳоҷатхонаи муассисаи таълимӣ овезон пайдо карданд.

Бино ба хабарҳо, мудири мактаб худкушӣ кардааст. Додситонии вилояти Қашқадарё мегӯяд, мудири муассисаи таълимӣ се номаи пеш аз марг низ гузоштааст.

Ӯ дар яке аз номаҳо ба ҳамкорони худ - омӯзгорони мактаб муроҷиат карда, хостааст, ба ҳеч ваҷҳ ба фасодкорӣ роҳ надиҳанд.

Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки наздикон мудир гуфтаанд, қалби ӯ аз тапиш боз мондандааст ва ҷасадро зуд ба хок супурдаанд, то аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида нашавад.

Дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи маориф ва идораи дастгирии оилаҳои ноҳияи Китоб санҷиши дохилии хидматӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG