Ссылки доступа

Муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ. 21 нафар маҷрӯҳ шуд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дид


Хорог

Дар як муноқиша миёни мухлисони ду дастаи футбол дар шаҳри Хоруғ 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дидааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса бегоҳи 19-уми сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и Хоруғ рӯй додааст.

Вазорат рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, ки муноқиша баъди мусобиқаи футбол миёни мухлисони дастаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и сар задааст. Дар баёния омадааст: "Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруғ, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА "Амонатбонк" шикаста шудааст."

Мақомот мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва омилони ҳодисаро ҷустуҷӯ доранд. Ҳодиса дар майдончаи футболи мактаби рақами 2-дар маркази шаҳри Хоруғ сар задааст. Гулрӯз Наврӯзов, директори ин мактаб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бозии футбол хуб гузашт, вале бар сари натиҷаи бозӣ ҷанҷол сар зад. Наврӯзов гуфт, дастаи "Гулакен" дастаи маҳаллаи "Хоруғи боло" (Бархоруғ)-ро ба ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва баъд аз он муноқиша сар зад.

"Сангпартоӣ байни мухлисон сар шуду он тарафаш шикастани тирезеҳо, дод задан. Як тараф бой дод, сар шуд ҷангу дашному бетартибӣ. Ҳодиса 10-15 дақиқа давом кард ва баъд ба роҳи асосӣ баромаданд, ҷангу ҷанҷолу сангзанӣ шуд",-гуфт мудири мактаб. Гулрӯз Наврӯзов афзуд, мақомот омада тирезаҳои шикастаи мактабро диданд ва зарарро ҳисоб карданд.

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, сангпартоӣ аз ҷониби ҳар ду тараф (бо истифода аз санг) дар маркази шаҳр рӯ ба рӯи бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ қариб як соат давом кардааст. Назарри иштирокдорони қазия феълан дастрас нест.

Мақомоти вилояти Бадахшон дар ин бора ҳануз чизе нагуфтаанд. Шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст ва дар гузашта ҳам шоҳиди муноқиша ва эътирози ҷавонон шудааст. Аз соли 2018 дар ин шаҳр постгоҳҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG