Ссылки доступа

Мақомдори "дурӯғпарокан"-и шаҳри Алмато истеъфо дод


Сафарбек Туякбоев, муовини раиси шаҳри Алматои Қазоқистон, ки дар авҷи паҳншавии коронавирус ҳарфҳояш дар бораи камчинии дору боиси баҳсҳои зиёд шуда буд, тарки мақом кард.

Туякбоев рӯзи 21 сентябр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки тасмим дорад, ба тиҷорат машғул шавад.

Ин муовини раиси шаҳри Алмато дар як нишасти хабарӣ дар моҳи июл гуфта буд, ки хабарҳо дар бораи камчинии дору "ҳангомасозӣ" асту бас.

"Набояд ҳангома барпо кард. Мутаассифона, одамони мушаххасе ҳастанд, ки ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомасозӣ мекунанд", - гуфта буд Туякбоев.

Баъди паҳншавии вируси корона бисёре аз сокинони шаҳри Алмато тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дору ҷустуҷӯ карданд, зеро ба гуфтаашон, дар дорухонаҳо доруи даркорӣ пайдо намешуд. Аммо ин хабару паёмҳо боиси норозигии мақомоти шаҳри Алмато гардид.

XS
SM
MD
LG