Ссылки доступа

Дар Туркманистон истифодабарандагони VPN таъқиб мешаванд


Мақомоти Туркманистон таъқиби касонеро дубора оғоз карданд, ки аз барномаҳои филтршикан ё VPN истифода мебаранд.

Ҳамчунин дар ин кишвар аз донишҷӯён иҷборан баёнот гирифта мешавад, ки Интернетро барои ворид шудан ба сомонаҳои мамнуъ истифода намебаранд.

Мақомоти туркман ҳатто тавонистанд дастрасӣ ба сомонаи гуруҳи мухолифони ин кишвар дар YouTube-ро низ маҳдуд кунад. Ҳоло масъулони сомонаи хабарӣ аз масдуд шудани саҳифаи худ дар YouTube шикоят кардаанд.

Таъқиби насби VPN дар телефонҳои мобилӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки эътирози зодагони Туркманистон дар хориҷ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст. Зодагони Туркманистон дар хориҷ истеъфои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти кишварро талаб доранд. Мақомот дар дохили Туркманистон талош мекунанд, ки аз паҳншавии навори эътирозҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ миёнаҳои моҳи август хабар дод, ягона ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар Туркманистон - "Туркмантелеком" аз Олмон технологияи навтаринеро харидорӣ ва тавассути мутахассисони чинӣ насб кардааст, ки бидуни мушкил ҳама гуна сомона ё филтршиканро метавонад масдуд кунад.

Наздики 30 тан аз савдогарони яке аз бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои насби VPN дар телефони ҳамроҳи муштариҳояшон боздошт ва 15-рӯзӣ ҳабс карданд.

XS
SM
MD
LG