Ссылки доступа

Ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон ҳизбҳои сиёсиро ба имзои шартномаи озодии баён даъват дорад


Гуруҳи ташаббускори рӯзноманигорон ва блогнависони Қирғизистон аз ҳизбҳои сиёсии он кишвар даъват кард, ки созишномаи озодии баёнро имзо кунанд. Дар ин бора аз созмони ҷамъиятии "Рӯзноманигорон" хабар доданд.

Созмони "Рӯзноманигорон", Иттиҳоди мустақили рӯзноманигорони Қирғизистон, чан расона, коршиносони соҳаи расонаҳо ва рӯзноманигорон аз ҳизбҳои сиёсӣ даъват карданд, ки масъулияти таъмини озодии баён, демократия ва ҳуқуқи инсонро дар кишвар ба зима бигиранд ва ба созишнома бипайванданд.

Дар матни созишнома омадааст, ҳизбҳое ки ба он мепайванданд, шаҳодат медиҳанд, ки қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии аз сӯи порлумон дар оянда қабулшаванда бояд озодии баёнро таҳким ва рушд диҳанд; меъёрҳои ҳифзкунандаи озодии баён ва рӯзноманигоронро барқарор намоянд; иштироки намояндагони расонаҳо ва коршиносони соҳаи ВАО дар таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии марбути ин соҳаро таъмин кунанд.

Рӯзноманигорон мегӯянд, дар 29 соли истиқлолии Қирғизистон дар ин кишвар борҳо талош шудааст, ки озодии баён тавассути қонунгузорӣ маҳдуд карда шавад ва борҳо талош шудааст, ки тавассути расонидани фишорҳои ҷисмониву равонӣ садди роҳи фаъолияти рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа гирифта шавад.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябр таъйин шудааст. Дар ин интихобот 16 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG