Ссылки доступа

Беш аз 100 корманди "Туркманпочта"-ро ихтисор карданд


Illýustrasiýa suraty
Illýustrasiýa suraty

Дар вилояти Лебапи Туркманистон бештар аз 100 корманди "Туркманпочта"-ро ихтисор карданд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании "Радиои Озодӣ" иттилоъ медиҳад.

"Дар ҳар кадом ноҳияи вилояти Лебап ҳамагӣ 5-6 корманд боқӣ монд. Дигаронро ихтисор карданд. Дар маҷмуъ бештар аз 120 кас аз кор ронда шудааст", - иттилоъ дод хабарнигор рӯзи 18 сентябр.

Мақомот тасмимашонро дар бораи ихтисори кормандон шарҳ намедиҳанд ва ҳам ба кормандони ихтисоршуда ҷуброн намепардозанд.

Дар вазъияти бадшавии иқтисоди Туркманистон дар чанд соли охир дар он кишвар даҳҳо муассиса ва ниҳоди давлатӣ барҳам дода шуда ва даҳҳо ҳазор кас бе ҷои кор мондааст. Вабои коронавирус буҳрони иқтисодиро дар Туркманистон амиқтар карда, боиси ба рухсатии бемузд фиристодани аксари кормандони буҷавӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG