Ссылки доступа

Қирғизистон натавонист ба Русия посух диҳад, ки чаро сӯзишвории дизелии бештар хост


Қирғизистон аз Русия дархост кардааст, ки соли 2021 ба ин кишвар бидуни боҷи гумрукӣ сӯзишвории дизелии бештар бидиҳад.

Ба огаҳии Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи бойгариҳои зеризаминии Қирғизистон, Бишкек ҳамасола аз Русия ҳудуди 1 млн тонна сӯзишвории дизелиро бидуни боҷи гумрукӣ харидорӣ мекунад. Соли 2020 барои харидории миқдори зерин қарордод имзо шудааст:

  • нафти хом ва маҳсулоти нафтии хом 50 ҳазор тонна;
  • бензин 460 ҳазор тонна;
  • сӯзишвории дизелӣ 485 ҳазор тонна;
  • сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ 100 ҳазор тонна;
  • битуми нафтӣ 40 ҳазор тонна.

Кумита 29 июн аз Вазорати энергетикаи Русия дархост кардааст, ки соли 2021 ба ин кишвар сӯзишвории дизелии бештар бидиҳад. Дақиқ гуфта намешавад, ки чи қадар сӯзишворӣ дархост шудааст. Ҷониби Русия дар посух ҳаҷми захираи сӯзишворӣ ва сабабҳои афзоиши талабот ба сӯзишвории дизелиро бо назардошти вазъи марбут ба пандеимияи коронавирус пурсидааст.

Кумита дар навбати худ аз анҷумани нафтфурӯшони Қирғизистон хостааст, ба суолҳои ҷониби Русия посух диҳад, зеро дархости афзоиши интиқоли сӯзишвории дизелӣ маҳз бо ташаббуси ин анҷуман сурат гирифтааст. Вале Анҷуман то ҳол ба суолҳо посух надодааст.

XS
SM
MD
LG