Ссылки доступа

Омодагӣ барои пешвози президент дар Вахш боис ба шикояти баъзе аз сокинон шудааст


Бархе аз сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар остонаи сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар кадоме онҳо 20 сомонӣ ҷамъ кардаанд.

Намояндагони ҷамоатҳои ноҳия мегӯянд, на аз мардуми одӣ, балки аз моликони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ободонӣ пул гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми сентябр ба маркази вилояти Хатлон рафт ва, қарор аст, аз ноҳияи Вахш ҳам дидан кунад.

Ҷумъагул Ашӯрова, сокини деҳаи "Иттифоқ"-и ноҳияи Вахш, 22-юми сентябр гуфт, чанд рӯз мешавад, ки намояндагони ҷамоат ба хонааш рафта, 20 сомонӣ мепурсанд.

Ӯ гуфт: "Ман як шахси камбизоат ҳастам ва ҳашт фарзанд дорам. Ду фарзандам маъюбанд. Худамон ба пул эҳтиёҷ дорем. Дигар ин ки дар деҳаи мо мактабу маркази тиббӣ нест. Фарзандон барои он ки ба мактаб раванд, ҳашт километр роҳро тай мекунанд. Дар заминҷунбии моҳи апрел хонаҳоямон осеб дид. Ба ҷойи он ки ҳукумати ноҳия ба мо ёрӣ диҳад, боз аз мо пул мепурсад."

Ашӯрова афзуд, намояндагони ҷамоат ба дари хонаи дигарон низ рафтаанд ва агар ба суҳбати раиси ҷумҳурӣ роҳ ёбад, дар ин бора ба ӯ арз хоҳад кард.

Як мусоҳиби дигари мо аз ноҳияи Вахш бе зикри номаш гуфт, намояндагони мақомот аз оилаҳое, ки вазъи иқтисодиашон хубтар аст, бештар аз бист сомонӣ талаб кардаанд.

Аммо Қосим Давлатов, раиси ҷамоати "Ваҳдат"-и ноҳияи Вахш мегӯяд, аз мардуми одӣ пул нагирифтаанд ва чунин иддао дуруст неест. "Мо барои харидани гул маблағ ҷамъ кардем ва ин пулро аз нуқтаҳои фурӯши бензин, аз мағозаҳо ва аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ овардем. Барои гулкорӣ кардани атрофи як фаввора дар майдон. Дигар аз куҷо мешавад пул ҷамъ кунем?"

Ҳарчанд аз тарафи сокинони ҷамоатҳои дигари ноҳияи Вахш низ ба таври хаттӣ чунин шикоятҳо расидааст, раисони ҷамоатҳо бо шунидани суоли мо зуд гӯширо мегузоштанд ва намехостанд дар ин бора суҳбат кунанд.

Вахш ягона ноҳияе нест, ки бо омадани президент мақомоти ноҳия барои харидани гулу сабадҳо, қоливу курсӣ ва нашру насби шиору овезаҳо аз мардум пул мехоҳанд. Дар моҳи августи соли гузашта сокинони чанд деҳа дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шикоят карданд, ки мақомот аз онҳо талаб кардаанд, барои мизбонии меҳмонон гӯшту биринҷу нон ҷамъ биёранд. Дертар мақомоти ноҳия чунин шикоятро беасос номиданд.

Маъмулан мақомоти ноҳияҳо барои пешвози раиси ҷумҳурӣ талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, то ба гуфтаи худашон "раҳбари давлатро сазовор истиқбол бигиранд" ва вазъи минтақаи таҳти сарварии худро серу пур намоиш диҳанд.

Ҳашт сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар таъкид кард, ки дигар барои истиқболу гусели ӯ аз мардум пул ҷамъ накунанд: "Ба ман даҳҳо нафар муроҷиат карданд, ки ҷаноби олӣ ҳар вақте шумо ба ноҳияи мо сафар мекунед, кисаҳои моро холӣ мекунанд. Мо куҷо равем? Раисони ноҳияҳо мардумро даъват мекунед, ки раисиҷумҳур меояд, пул биёр. Қолин мехарем, пул биёр. Гул мехарем, пул биёр. Ин чӣ гап? Бардоред ин чизҳоро, накунед!"

Аз ин суханҳо ҳашт сол гузаштааст, аммо ба қавли бархе аз сокинон вазъ ба шакли пешина идома дорад. Ба гуфтаи бархе аз раисони ҷамоатҳо, азбаски дар буҷаи ноҳия хароҷот барои мизбонии раиси ҷумҳурӣ пешбинӣ нашудааст, онҳо рӯ ба мардум меоранд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз шаҳру ноҳияи кишвар дидан мекунад ва мухолифон борҳо мақомотро барои шеваи истиқбол аз ӯ танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG